08.11.2023
http://www.president.tj/node/31834
8 ноябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид.
Чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида шуда, дар он ҳайатҳои ҳукумати ду кишвар ва доираи васеъи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон иштирок карданд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоишро барои мубодилаи афкор ва таҷриба, баррасии имкониятҳои мавҷуда ва тавсеаи ҳамкориҳои судманди ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои ин Ҳамоиш ба пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт ва тиҷорат мусоидати муассир хоҳанд кард.
Таъкид гардид, ки масъалаҳои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз самтҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар ба шумор мераванд.
Бо натиҷагирӣ аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” натиҷаҳои назаррас ба бор хоҳад овард.
Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ба масъалаи таъмин намудани пешрафти бахши хусусӣ тавассути ҷалби сармоя эътибори махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои сиёсати иқтисодии худ эътироф кардааст.
Дар қонунгузории мамлакат барои ҳифзи соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ имтиёзҳои зиёд ва кафолатҳои васеи ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳамчунин, тибқи қонунгузориҳои кишвар, барои сармоягузорону соҳибкорон беш аз 240 номгӯйи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 имтиёзу сабукиҳо дар самтҳои андозу гумрук пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосию стратегии мамлакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар ва имкону захираҳои табии Тоҷикистон андешаронӣ карда, сарватҳои фаровони табиӣ, махсусан захираҳои обу маъданро муаррифӣ намуданд.
Президенти мамлакат таваҷҷуҳи иштирокчиёни Ҳамоиши иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Эронро ба истифодаи босамари иқтидорҳои соҳаи гидроэнергетика ва сармоягузорӣ ба ин самт ҷалб карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво, ҳамчунин оид ба зарфиятҳои мавҷудаи рушди “иқтисоди сабз”, густариши ҳамкории доираҳои соҳибкории ду кишвар дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судовари саноати маъдан, металлургӣ, кимиё, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Таъкид гардид, ки соҳаҳои номбаршуда ва дигар арсаҳои тиҷоративу иқтисодӣ метавонанд барои тавсеаи ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд заминаи муносиб бошанд.