26.10.2023
http://www.president.tj/node/31741
26 октябр Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз хоҷагии деҳқонии “Ҳосила”-и деҳоти Чоргултеппаи ноҳия дидан намуданд.
Хоҷагии деҳқонӣ дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амниятии озуқаворӣ таъсис дода шудааст.
Кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ду се ҳосил ба даст оварда, дар баробари таъмини сокинони ноҳия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бозори истеъмолии пойтахтро низ таъмин менамояд.
Хоҷагии деҳқонии “Ҳосила” 1 гектарро ташкил намуда, аллакай кишти тирамоҳии ғалла ва макка барои дон гузаронида шудааст. Инчунин меҳнаткашон ҳамасола аз замин намудҳои гуногуни сабзавотро истеҳсол ва ба бозор пешниҳод мекунанд.
Хоҷагӣ аз ҷониби сокини ноҳия Ҳосила Хоҷамқулова таъсис дода шуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани чанд ҳосил саҳмдорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироати гуногунро ба роҳ мондаанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини соҳа ва кишоварзонро ҷиҳати истифодаи муфид аз боду ҳавои мусоид ва саривақт гузаронидани кишти тирамоҳӣ вазифадор намуданд.
Хоҷагидорон бо дарки он, ки истифодаи мақсадноки замин боиси беҳтаршавии сатҳи зиндагии онҳо мегардад, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи мамлакат пайи заҳмати созанда мебошанд.
Зимни шиносоӣ аз нашъунамои зироат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати рӯёнидани ду се ҳосил аз ҳар қитъа, таъмини фаровонӣ ва дар ҳамин замина расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самараи меҳнати кишоварзони ноҳия шинос шуданд. Айни замон майдони умумии заминҳои корам дар ноҳияи Рӯдакӣ 19 138 гектарро ташкил медиҳад. Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариши зироат имкон фароҳам овард, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шавад.
Дар намоишгоҳ деҳқонон дастовардҳои худро дар шаклҳои хеле ҷолибу диданӣ, аз қабили манораҳо аз меваву сабзавот ва ғаладонагиҳо пешниҳод намуда буданд.
Намоишгоҳи мазкур баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи бойи сокинони заҳматқарини ноҳия дар самти истифодаи замин буд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолият, гирифтани чанд ҳосил аз як қитъа ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ба гардиши кишоварзӣ давровардани заминҳои бекорхобида, захираи маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин баробар таъмини бозорҳои мамлакат бо маводи ғизоии баландсифат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону роҳбарони ҷамоатҳо ва хоҷагиҳои кишоварзӣ суҳбати самимӣ ороста ба онҳо дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими зимистон, захираи маводи озуқа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо доданд.