Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Муаррифии лоиҳаи сохтмони бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати БДА ВКД дар шаҳри Ваҳдат — HHDT

Муаррифии лоиҳаи сохтмони бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати БДА ВКД дар шаҳри Ваҳдат

25.10.2023

http://www.president.tj/node/31730

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати Корҳои Дохилӣ дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар саҳни ҳавлӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ва лоиҳаи сохтмони Шуъбачаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуруҳи ноҳияҳои Рашт шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар шафати Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар масоҳати 1041 метри мураббаъ сохта шуда, майдони зери сохтмони бинои шуъба 805 метри мураббаъро ташкил хоҳад дод.

Аз рӯйи лоиҳа бино бояд бо таҳхона ва се ошёна бунёд шуда, дар он сохтмони 13 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис, 3 хазина, суратгирхона, толори имтиҳони ронандагон, ҳуҷраи духтур, бойгонӣ, қабулгоҳ, толори хурокхӯрӣ, нуқтаи гармидиҳӣ бо ангишт, таваққуфгоҳ барои мошинҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар назар аст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028