Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ — HHDT

Мулоқот бо Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ

18.10.2023

http://www.president.tj/node/31623

18 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистону Эрон ва дар ин зимн ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муқовимат ба чунин зуҳуроти онҳо, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

Ду кишвар аз тавсеаи фаъолияти абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳо ва мувофиқаҳои дар ин соҳа ҳосилгардида ҷонибдорӣ карданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028