Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ҲАМАД БИН ХАЛИФ БИН АҲМАД АЛ-ТАНӢ — HHDT

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ҲАМАД БИН ХАЛИФ БИН АҲМАД АЛ-ТАНӢ

ш.Душанбе. 06.10.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Президенти Ҷоми Халиҷ Ҳамад бин Халиф бин Аҳмад Ал-Таниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили марбут ба соҳаи варзиш бахусус футбол ва рушди он дар минтақа баррасӣ гардид. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи меҳмони олиқадрро ба пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, аз муносибот дар соҳаи варзиш ва дигар самтҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Президенти Ҷоми Халиҷ Ҳамад бин Халиф бин Аҳмад Ал-Танӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш хосатан футбол ибрози назар намуда, зикр карданд, ки барои рушду густариши соҳа тадбирҳои мушаххасу амалӣ роҳандозӣ карда мешаванд.

Ҳамчунин Президенти ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ қайд карданд, ки ҳамкории дуҷонибаи судманд хеле хуб ба роҳ монда шуда, мутахассисони тоҷик таҷрибаи худро оид ба менеҷменти футбол тибқи талаботи муосир ташкил намудани мусобиқаҳоро сайқал медиҳанд.

Сипас Созишномаи ҳамкорӣ ҷиҳати рушд ва пешрафти футбол ба имзо расонида шуд. Мулоқот дар фазои самимият, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028