Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Суҳбати телефонӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко — HHDT

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко

05.10.2023

http://www.president.tj/node/31578

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид.

Раиси Палатаи болоии парламенти Русия Пешвои миллатро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон сидқан табрик намуданд.

Дар рафти суҳбат оид ба масъалаҳои алоҳидаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, ки дар раванди густариши муносибатҳои ду кишвар дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ саҳми босазо доранд, табодули назар анҷом гирифт.

Пешвои миллат рушди пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо Россияро аз авлавиятҳои кишвари мо дониста, изҳори боварӣ карданд, ки равобити байни Тоҷикистону Русия минбаъд ҳам мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони ду кишвар рушд хоҳанд кард.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028