29.09.2023
http://www.president.tj/node/31556
29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар вохӯрӣ сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкориҳои судмандро мавриди муҳокима қарор доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо мусоидат хоҳанд кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа барои амиқтар кардани ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла обу энергетика, саноат нақлиёту коммуникатсия ва ғайра саъю кӯшиши муштарак доранд.
“Мо манфиатдорем, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Олмон ва кишварҳои минтақа бо дарназардошти иқтидори ҷонибҳо афзоиш ёбад”, — иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пешвои миллат дар ин зимн рушди ҳамкорӣ дар соҳаи “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва инноватсияро амри муҳим шумурданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иқтидори захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, барои истеҳсоли “неруи сабз”, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масоили глобалӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва таъсири он, обшавии пиряхҳо ва дигар мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карда, дар ин самт густариши ҳамкориро бо шарикон, аз ҷумла бо Олмон муҳим арзёбӣ намуданд.
Равона кардани талошҳо дар минтақа ба бунёди занҷирҳои истеҳсолӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти содиротӣ ва васеъ намудани номгӯи молҳои пешниҳодшаванда муҳим шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ҳамчун заминаи таъмини амнияти озуқаворӣ аз самти афзалиятноки ҷалби сармоя маҳсуб мешавад.
Кишвари мо аз сарватҳои гуногуни маъданӣ бой аст. Бинобар ин, Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳо бо шарикон дар соҳаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ манфиатдор аст.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба афзоиши содироти маҳсулоти саноатӣ ва дигар навъҳои маҳсулот ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳавасманд аст.
Дар ин робита Сарвари давлат содда кардани дастрасӣ ба бозори Аврупо ва ташаккули муштараки долонҳои самарабахши нақлиётию логистикиро амри муҳим маънидод карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аз татбиқи ташаббусҳо ҷиҳати пешбурди алоқаи нақлиётӣ ва энергетикӣ байни Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳо, инчунин рақамикунонии тиҷорат истиқбол намуданд.
Зимни баррасии масъалаи ҳамкории амниятӣ қазияи Афғонистон қайд гардида, таъкид карда шуд, ки мо тарафдори зудтар пойдор гардидани сулҳу амният ва субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳастем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф ва тайёр кардани кадрҳо барои соҳаҳои мухталифи иқтисод ҷалб карданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Эъломияи муштараки Сарони давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон қабул гардид.