Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 20.09.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

Зимни иштирок дар кори иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуданд.

Дар ҷараёни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва таъсири онҳо ба иқтисоди давлатҳо, ташаккули иқтисоди “сабз”, рушди тавлиди энергияи “сабз”, мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, талошҳои муштарак баҳри пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обӣ ва иқлимии сайёра ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити ҳассоси имрӯза ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар замони дигар ба ҳамбастагӣ ва эътимод ниёз дорад.

Терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, инчунин авҷ гирифтани “ҷанги сард” ба пойдории сулҳу субот, амният ва рушди байналмилалӣ таҳдид менамоянд.

Ҳамзамон бо ин, оқибатҳои хатарбори тағйирёбии иқлим — гармшавии шадид, обхезӣ, хушксолӣ, сӯхтор ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин камобӣ ва гуруснагӣ хатари ҷиддӣ эҷод намуда истодаанд.

“Дар ин зимн, саъю талошҳои муштарак ҷиҳати рафъи ин хатару таҳдидҳо ва расидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи-2030 амри ҳатмӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз, мавзуи ҷаласаи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро зери унвони “Барқарорсозии эътимод ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ: суръат бахшидан ба амалҳо оид ба Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор дар самти сулҳ, шукуфоӣ, пешрафт ва устуворӣ” иқдоми саривақтӣ шуморида, аз он истиқбол менамоем”, — таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон афзоиш меёбад. Пайомадҳои манфии ин раванд дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз падидаҳои хеле нигаронкунанда мебошанд.

Дар ин зимн Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ба Чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ба мусоидат дар такмили низоми огоҳсозии бармаҳал, афзоиши сармоягузорӣ ва расонидани кумаки молиявӣ ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва камтараққӣ равона гардидааст, аҳаммияти хосса медиҳад.

Обшавии босуръати пиряхҳо- яке аз манбаи асосии оби тоза андешидани тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла пажуҳиш, ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот ва ҳамкории амиқи байналмилалиро тақозо менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи давлатҳои аъзо барои ҳамкорӣ дар қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 изҳори миннатдорӣ намуданд.

Аз натиҷаҳои бобарори Конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки татбиқи уҳдадориҳои дар конфронс гирифтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати расидан ба Ҳадафи шашуми Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои байналмилалии вобаста ба об мусоидат менамояд.

Соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи “Об барои рушди устувор”, ҳамчунин соли 2025 Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Интизор меравад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ иштироки фаъол хоҳад дошт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар рӯзномаи глобалии об ва иқлим ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар байни кишварҳо ва созмонҳо дар ин ҷода минбаъд низ талош хоҳад намуд.

Таъкид гардид, ки дар шароити муосир ташаккули иқтисоди “сабз” яке аз вазифаҳои мубрами инсоният гардидааст.

Истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон метавонад барои рушди тавлиди энергияи “сабз” дар минтақа заминаи мусоид фароҳам оварад.

Вобаста ба вазъи сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон Сарвари давлат оид ба талошҳову ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон, аз ҷумла қабули Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2021-2025 ва дар соли 2024 дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Душанбе баргузор намудани Конфронси навбатии байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он андешаронӣ намуданд.

Президенти мамлакат ҳамбастагии фарҳангӣ, башардӯстона, эътирофи мутақобилаи урфу одат ва эътиқодоти гуногуни ҷомеаи ҷаҳониро таъкид намуданд.

Дар ин ҷода Сарвари давлат иброз доштанд, ки ташвиқу тарғиби ғояҳои таҳаммулгароӣ ва сулҳу дӯстӣ беҳтарин василаи муқовимат ба иғвоангезӣ, тафриқаандозӣ, таассуб, хушунат, ифротгароӣ ва тундгароӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти глобалии сайёра саъю талоши созанда хоҳанд намуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028