Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Боздиди Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон аз деҳкада дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ — HHDT

Боздиди Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон аз деҳкада дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ

14.09.2023

http://www.president.tj/node/31486

Шоми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирокчиёни Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар деҳкадаи Бӯстонсарои ҳукуматӣ маҳфили “Шоми дӯстӣ” барпо карданд.

Дар шоми дӯстӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ягҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо дидан намуданд.

Дар намоишгоҳи пуршукӯҳ меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои табии кишвари мо ба маъраз гузошта шуда, ба меҳмонони олимақом хеле писанд омад.

Дар роҳравҳои алоҳида ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун пешкаш гардид.

Шоми дустӣ барои Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хеле писанд омад ва меҳмонони олимақом бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028