Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров — HHDT

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

14.09.2023

http://www.president.tj/node/31464

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рушди равандҳои мусбат дар минтақаи мо мусоидати муассир хоҳанд кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи рушди муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки бо риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ҳампайванданд, таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ, бахусус дар сатҳи олӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба мавзӯъҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028