Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев — HHDT

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

14.09.2023

http://www.president.tj/node/31468

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ ҷанбаҳои мубрами ҳамкории ҷонибҳо дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишвар, инчунин масъалаҳое, ки ба рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи баланд дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ворид гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки муносибатҳои байни кишварҳои мо дар ҳама сатҳҳо ҷараёни баланди рушд дорад ва изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода ба инкишофи минбаъдаи онҳо мусоидати муассир хоҳанд кард.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории кишварҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок муҳокима намуданд.

Ба ҷониби Узбекистон ҷиҳати дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар раёсати Вохӯрии панҷуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал изҳори сипос карда шуд.

Дар рафти мулоқот Президентҳо атрофи масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028