Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов — HHDT

Мулоқот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов

14.09.2023

http://www.president.tj/node/31466

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон ва рӯзномаи ҳамоишҳои Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 14-15 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои вохӯриҳои дарпешистода омили таҳкими ҳамкориҳои дохилиминтақавӣ хоҳанд шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми гардиши мол ва робитаҳои фарҳангию гуманитариро баррасӣ намуданд.

Барои рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон ҷоннок карда шавад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028