
Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбӣ зери унвони «Ҷашни истиқлолат муборак кишварам!» бо иштироки намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, кумитаву ташкилотҳои ҳизбӣ ва дигар фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин намояндагони аҳли илму адаб, олимону зиёиён баргузор гардид.
Нахуст, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор иштирокчиёни ҳамоишро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, иброз намуд, ки 32 сол муқаддам миллати мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне истиқлолияти давлатӣ соҳиб гардид. Ин ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ, сол то сол нуфуз ва шукуҳу шаҳомати хоса пайдо карда, дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон нақши равшан мегузорад.
Воқеият нишон дод, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол барои расидан ба марҳилаи истиқлоли сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадяи сарнавишт пазируфтааст, такя бар хиради азалии мардуми фарҳангсолору соҳибтамаддун таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як давлати воҳид ва кишвари соҳибихтиёри демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ташаккул ёфта, ба сифати узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Мавсуф зимни баромади хеш таъкид дошт, ки мо дар даврони истиқлолияти миллӣ зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардидем, ки онҳо бунёду ташаккули мактаби давлатдории миллӣ ва ҳокимияти сиёсиро таҳким бахшиданд.
Имрӯзҳо мамлакати мо ба шарофати суботи устувори сиёсиву ҷамъиятӣ ва заминаҳои мусоиди ҳуқуқии ҷалби сармоя беш аз пеш диққати давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон, ширкатҳо ва доираҳои сармоягузори бонуфузи дунёро ба худ ҷалб намуда истодааст. Хусусан, дар панҷсолаи охир суръати изҳори ҳамкорӣ ва маблағгузории сармоягузорони хориҷӣ дар ин ё он риштаи иқтисод ва ё соҳаҳои хизматрасонӣ мутаносибан баланд гардид, ки аз заҳматҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зариф Ализода зимни суханронӣ иброз доштанд, ки фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан рушд ёфта, бо назардошти хусусиятҳои хоси иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа имрӯз ба як низоми мукаммали ҳуқуқӣ табдил ёфтааст.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни суханронӣ қайд намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” эълон намудааст, ки ин иқдом метавонад дар роҳи бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми бориз гузорад.
Мавсуф аз дастовардҳои соҳаи саноат дар замони соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуда, таъкид доштанд, ки агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд.
Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мусоидат намуданд.
Раиси Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов аз даврони мудҳишу гирудорҳои аввали соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки маҳз бо талошу заҳматҳои Президенти кишвар, сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамини муқаддаси Тоҷикистон пойдор гардид. Дар бораи аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Ин суханон то чи ҳад бузург будани аҳамияти сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои кишвар ва миллатро пурра ифода мекунанд.
Мардуми заҳматқарини меҳани азизамон дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз баракати ваҳдати миллӣ ба муваффақиятҳои бузург ноил гарданд. Миллати тамаддунофари мо дар ҳалли масъалаҳои мубрами сайёра ташаббускор ва дар рушду беҳбудии ҳаёти башарият нақши пешоҳангӣ дорад.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар дар баромади худ қайд намуданд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нодири таърихӣ буда, дар давоми даврони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, саноату энергетика, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш пайваста ташаккул ёфта, дар ҳоли рушд қарор доранд. Мавсуф аз пешрафт ва рушду инкишофи пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе дар замони соҳибистиқлолӣ махсус ёдовар гардиданд.
Муҳандиси озмоишгоҳи Маркази сохтмонии ҶСК НБО “Роғун”, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” Расулов Умедҷон дар баромади хеш қайд намуд, ки маҳз ташаббусҳои ватандӯстона ва иродату матонати Пешвои миллат буд, ки имрӯз бунёдкориҳо дар НБО “Роғун” дар сатҳи баланд идома дорад. Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди НБО «Роғун» паёмади шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш, муовини директори Маркази тиббии №4 шаҳри Душанбе, Камолова Давлатбӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла тандурустӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббӣ ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ шуда, дар ин радиф таъмини кадрҳои болаёқат дар соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби занону бонувон пайваста амалӣ мегардад. Натиҷаи ҳамин дастгириҳост, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, табибони ҳозиқ баҳри беҳбудии саломатии ҷомеа ва ояндаи кишвар ҳамеша омодаи хизматанд.
Дар охир, бахшида ба ҷашни шукӯҳманди Истиқлол чанде аз аъзои фаъоли ҳизб бо мукофоти давлатӣ ва Сипосномаи ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ дар ҳузури иштирокчиёни ҳамоиш ба Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” Аҳмадзода Оятулло медали “Хизмати шоиста”- ро тақдим намуданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор дар интиҳо таъкид доштанд, ки мо ҳизбиён рисолати худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ равона намуда, фароҳам овардани шароитҳо баҳри зиндагии шоистаи мардум, таъмини амнияти кишвар ва суботу оромии ҷомеа, тарбияи ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва худшиносии шаҳрвандон, бахусус ҷавононро вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии худ ҳисобида, дар ростои он кору амал менамоем.
Бо ҳамин ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти унвони «Ҷашни истиқлолат муборак, кишварам!» анҷом пазируфт.