Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танака — HHDT

Мулоқот бо Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танака

31.08.2023

http://www.president.tj/node/31407

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президентии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Акиҳико Танакаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти мазкур дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлати мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз сатҳи ҳамкории ҷонибҳо дар бахшҳои гуногун, хусусан барои мусоидат дар бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба таъмини оби нушокӣ, беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётию роҳҳои мошингард, авиатсия, ҳифзи саломатии модару кӯдак, рушди соҳаҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ, энергетика ва идоракунии сарҳади давлатӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ дар самтҳои дигари афзалиятнок ва амалисозии ҳадафҳои стратегии давлати мо дар доираи Барномаи кишварии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ изҳор доштанд.

Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои беҳсозии фазои соҳибкорӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани рақобатнокии кишвар, рушди инфрасохтори саноат ва содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби маблағҳо барои андешидани чораҳо оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, коҳиш додани таъсири манфии оқибатҳои тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамкорӣ ҷиҳати омода кардани мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ дар самтҳои мухталифи идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳсозӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо ҳамчун афзалияти муҳими рушди муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028