Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ДИДАН НАМУДАН АЗ ОСОРХОНАИ БОЗИҲОИ ОСИЁ — HHDT

ДИДАН НАМУДАН АЗ ОСОРХОНАИ БОЗИҲОИ ОСИЁ

23 август дар идомаи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар шаҳри Ханҷоу Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Осорхонаи Бозиҳои Осиё дидан намуданд.

Осорхона дар ҳудуди маркази варзишии Олимпии шаҳри Ханҷоу дар масоҳати 5700 метри мураббаъ ҷойгир буда, роҳи тайкардаи Ханҷоуро дар ҷараёни корҳои омодагӣ ба Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё дар сиғаи интерактивӣ намоиш медиҳад.

Бояд гуфт, ки Бозиҳои 19-уми тобистонаи Осиё аз 23 сентябр то 8 октябри соли 2023 дар шаҳри Ханҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегарданд.

Дар ин Бозиҳо барои дарёфти 474 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 61 намуди варзиш, ки 45-тои онҳо намудҳои варзиши олимпӣ мебошанд, мусобиқот гузаронида мешаванд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028