Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ дар шаҳри Хоруғ

17.08.2023

http://www.president.tj/node/31324

17 август дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлиро ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи истеҳсоли тарҳҳои металлӣ, ки аз ҷониби роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Помир-энергосервис” Абдулатиф Амонуллоев бунёд гардидааст, дар сохтмони хатҳои интиқоли баландшиддати неруи барқ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти назаррас дорад.

Дар Корхонаи истеҳсоли тарҳҳои металлӣ 30 нафар сокини шаҳри Хоруғ бо ҷойи кор ва маоши аз 2,5 то 3 ҳазор сомонӣ таъмин шуданд.

Дар корхона мутахассисони кафшегар ва муҳандисони соҳибкасб ба кор ҷалб гардидаанд, ки дилхоҳ фармоиши мизоҷонро метавонанд дар фурсати кӯтоҳтарин ва бо сифати баланд омода созанд.

Дар худи Корхонаи “Помир-энергосервис” 65 нафар сокини шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо кор таъмин мебошанд.

Корхона дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар корхона чор таҷҳизоти калонҳаҷми худкор ва шаш дастгоҳи хурди истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид ва васлу насб шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба соҳибкори ватанӣ баҳои баланд доданд.

Дар Корхонаи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ истеҳсоли куттиҳои барқӣ, дарвозаҳои оҳанин, асбобҳои рӯзгор, сутунпояҳои чароғҳои равшандиҳанда, таҷҳизот барои сутунпояҳои хатҳои интиқоли баландшиддати барқ ва садҳо номгӯйи таҷҳизоти зарурӣ, ки аз тахтаҳои оҳанин фармоиш дода мешавад, истеҳсол мегардад.

Корхона дар шафати роҳи автомобилгарди сатҳи байналмилалии “Хоруғ-Мурғоб-Қулма” қомат афрохтааст, ки яке аз иншооти саноатии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кард, ки он барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он дар бозори ҷаҳонӣ заминаи мусоид мегузорад.

Дар заминаи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” бунёди 92 корхона дар ҳудуди вилоят ба нақша гирифта шуда, танҳо дар соли равон 20 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба истифода дода мешаванд.

Танҳо дар шаҳри Хоруғ дар соли 2022-юм 11 коргоҳ ва корхонаи нави саноатӣ сохта мавриди истифода қарор гирифт.

Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи Ҳукумати мамлакат сохтмону барқарорсозии 22 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 10 корхонаи нави саноатӣ дар маркази вилоят бунёд шудааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028