15.08.2023
http://www.president.tj/node/31249
15 август дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шимшо” (Shimsho)-ро ба истифода супориданд.
Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи “Солҳои рушди саноат” — 2022-2026 дар деҳаи Дуробаки деҳоти Қалъаи Хумб аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Самандар Суннатзода бунёд гардидааст.
Бо таъсиси корхонаи нави саноатӣ 25 нафар, ки аксари онҳо сокинони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Бо дарназардошти истеҳсоли масолеҳи сохтмонии дорои маводи кимиёвӣ фаъолияти корхона тибқи меъёрҳои соҳавӣ дар як шабонарӯз 10 соати корӣ ба роҳ монда шудааст.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар як соат ба таври автоматӣ 8 тонна омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва 700 литр ранги ороишӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, дар корхона дар як шабонарӯз 80 тонна ва солона 15 ҳазору 500 тонна омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва рангҳои ороишӣ бошад, дар як шабонарӯз 7000 ва солона 1 миллиону 344 ҳазор литр истеҳсол карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкорони ватанӣ дар самти таъсиси корхонаи нави саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот пешбинишуда баҳои баланд доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хатҳои муосири технологӣ ба корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шудааст, ки онро мутахассисони тоҷик васлу насб намуда, идора менамоянд.
Ашёи хом — калсит, оҳак, гаҷ ва маҳлулҳои дигари кимёвӣ аз конҳои маҳаллӣ ба корхона ворид мегардад.
Ҳадаф аз таъсиси корхонаи муосири саноатӣ истифодаи босамари захираҳои мавҷудаи табиӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то марҳилаи ниҳоӣ ва бо ин восита истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ мебошад.
Рангҳо ва омехтаҳои хушки сохтмонӣ, ки дар ин корхона истеҳсол мешавад, аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар бозорҳо рақобатпазир мебошад.
Бояд гуфт, ки омехтаҳои хушки сохтмонӣ дар халтаҳои 20, 25 ва 30 киллограм ва ранги ороишӣ бошад, дар қуттиҳои аз 10 то 20 литра бастабандӣ мегардад.
Раванди истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ аз чанд марҳила, аз ҷумла равона кардани хокаи калсит, омехта кардани он ба семент, гаҷу оҳак ва бастабандии маҳсулоти тайёр иборат аст.
Дар соҳаи сохтмон омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранг барои ороиши намои беруна ва дохили бинои иншооти гуногун васеъ истифода мегардад. Бо зиёд шудани талаботи аҳолӣ, ширкатҳои сохтмонӣ ва бозорҳо ба ин навъи масолеҳи сохтмонӣ ҳаҷми истеҳсолот афзоиш дода шуда, теъдоди кормандон низ зиёд мегардад.
Дар корхонаи истеҳсолӣ анборҳои алоҳидаи маҳсулоти хом ва тайёр мавҷуд буда, иншооти ёрирасон, аз қабили ошхона ва нуқтаи дастшӯӣ низ сохта шудааст.
Корхонаи истеҳсолӣ дорои озмоишгоҳи замонавӣ мебошад, ки мутахассисон бо истифода аз таҷҳизоти муосир сифати маҳсулотро дақиқ санҷида, баъдан ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамоянд.
Дар даромадгоҳи корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шимшо” (Shimsho) намунаҳои маҳсулоти истеҳсолшуда муаррифӣ гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ноҳияи Дарвоз 15 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, дар онҳо асосан, молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда истеҳсол карда мешавад.
Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия ба маблағи 11 миллиону 572 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.
Дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар сармоягузорону соҳибкорони ватанӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Ин тадбир дар афзоиши истеҳсолоти худӣ, таъмини сокинон бо ҷойи кор ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нақши муҳим дорад.
Барои тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф ва ободу зебо гардидани ҳудуди корхонаи истеҳсоли омехтаҳои хушки сохтмонӣ ва ранги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шимшо” гулу буттаҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкани ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст.