Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” дар ноҳияи Дарвоз — HHDT

Ифтитоҳи меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” дар ноҳияи Дарвоз

15.08.2023

http://www.president.tj/node/31247

15 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии “Дарвоз Континентал”-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нави хизматрасонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.

Меҳмонхонаи замонавии чорситорадор аз 4-ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 17 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷраи президентӣ мебошад.

Масоҳати умумии иншоот 1200 метри мураббаъро ташкил дода, дар он дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили маркази савдо ва хизматрасонӣ, ошхона, дорухона ва толори варзишию солимгардонӣ барои мизоҷон фароҳам оварда шудааст.

Бо бунёди ин иншооти хизматрасонии сайёҳӣ 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти меҳмонхона истеҳсоли ватанӣ буда, хизматрасонӣ дар он тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028