Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Директори генералии ширкати “Войт Ҳайдро” Герхард Сейрлинг — HHDT

Мулоқот бо Директори генералии ширкати “Войт Ҳайдро” Герхард Сейрлинг

09.08.2023

http://www.president.tj/node/31223

9 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати “Войт Ҳайдро” Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати “Войт Ҳайдро” оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар таъмини иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикӣ муҳокима гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар Лоти 1-и неругоҳ, ки зимни сафари корӣ мушоҳида карданд, андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бояд тамоми корҳо тибқи реҷаи мувофиқагардида саривақт ва босифат иҷро гарданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати “Войт Ҳайдро” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо маълумот доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки намояндагони ширкат барои татбиқи нақшаҳо тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро амалӣ менамоянд.

Дар мулоқот инчунин Сарвазири мамлакат, вазири молия, директори генералии НБО Роғун, директори мудирияти истифодабарии неругоҳи Роғун ва директори ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иштирок намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028