Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ба истифода додани ошхонаи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” — HHDT

Ба истифода додани ошхонаи ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж” дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”

09.08.2023

http://www.president.tj/node/31192

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” ошхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж”-ро ба истифода супориданд.

Ошхона барои 500 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот ба талаботи санитарӣ — гигиенӣ ва зиддисӯхтор ҷавобгӯ аст. Лоиҳаи бинои ошхона аз ҷониби мутахассисони ширкати мазкур таҳия ва дар корҳои сохтмонӣ масолеҳи хушсифати ватанӣ истифода гардидааст.

Масоҳати умумии ошхона 1 ҳазору 70 метри мураббаъ буда, дорои ҳуҷраҳои барҳавои омода кардани хӯрок, нонпазӣ, шустушӯӣ ва иншооти ёрирасон мебошад. Толори калони ошхона 420 ҷойи нишаст дорад. Бо таъсиси ошхонаи нав барои 45 нафар ҷои кори доимӣ фароҳам шудааст.

Дар ошёнаи дуюми бино 6 ҳуҷраи корӣ, 6 ҳуҷраи таълимӣ барои касбомӯзони ширкат ва толори маҷлис барои 45 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар шафати ин иншоот ошхонаи тобистона низ бунёд гардидааст, ки дар он дегҳои алоҳида барои омода кардани таом ва танӯрҳои нонпазӣ гузошта шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” суҳбати самимӣ ороста, бунёди иншооти зарурӣ, аз қабили ошхонаи замонавиро дар раванди корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ муҳим арзёбӣ намуданд.

Бо бунёди ошхонаи нав кормандону мутахассисони ширкат се вақт бо хӯроки гарму серғизо таъмин мегарданд. Таъсиси ошхона дар мавзеи наздик ба қитъаи сохтмон дар самти сарфаи вақти кормандон мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти иҷрои корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва расидани сатҳи обанбор ба баландии 1100 метр, замони зериобмонии майдончаи сохмтонии №1 ширкат ба нақша гирифтааст, ки корҳои сохтмониро дар 5 бинои хобгоҳи 3-ошёна оғоз намояд. Бунёди хобгоҳҳои замонавӣ дар умум барои 1500 нафар дар як басти корӣ пешбинӣ гардидааст.

Хобгоҳҳо нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити хобу истироҳати кормандони шаркат бунёд карда мешаванд. Дар бинои хобгоҳҳо 75 ҳуҷраи хоб ҳар кадомаш барои 4 нафар сохта мешавад. Дар шафати биноҳои хобгоҳ майдони варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд мегардад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028