Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид

Манбаъ: http://hkhdt.tj/news-single/1790

31 июли соли ҷорӣ таҳти раёсати Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе бо иштироки аъзои КИМ ҲХДТ, аъзои фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дигар фаъолони ҳизбӣ маҷлиси навбатии Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рӯзномаи маҷлис 2 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт:

1. Дар бораи фаъолияти ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа.

2. Дар бораи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун сарпарасти маънавии НБО «Роғун».

Аз рӯи масъалаи якум муовини Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ маърӯза кард. Мавсуф аз ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар самти баланд бардоштани мавқеи занону бонувон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил ва зиндагии шоиста барои бонувон ёдовар шуда, таъкид кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фаъолияти хеш бо манзури тақвияти мақоми зан дар ҷомеа чорабиниҳои муҳими фарҳангиву маърифатӣ ва иҷтимоӣ, конфронсҳои илмиву амалӣ, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ миёни ҷавондухтарон ва дар ҳошияи силсила озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузории нишасту маҳфилҳову ҳамоишҳои гуногунмуҳтаво ва амалҳои созандаву бунёдкоронаро бо ширкати фаъоли занон баргузор менамояд. Инчунин таъкид гардид, ки бо назардошти бартараф намудани баъзе камбудиҳои ҷойдошта, кумитаҳои иҷроия ва ташкилоти ибтидоӣ вазифадоранд, ки барои коҳиш додани хурофоту бегонапарастӣ, хушунату зуроварӣ ва қонуншиканиву ҷинояткорӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи ҳадафҳои барномавии ҳизб, аз ҷумла таҳкими фарҳанг ва ахлоқи миллӣ, тарбияи худшиносӣ ва рисолати оиладории бонувон, аз ҷумла наврасону ҷавонон, бо ҷалби занону духтарони фаъол корҳои заруриро анҷом диҳанд.Ҳамчунин, муовини Раиси ҲХДТ таъкид намуд, ки дар ин самт тақвият бахшидани фаъолияти Шӯрои кор бо занон ва комиссияҳои доимоамалкунандаи назди кумиҷроияҳои шаҳру ноҳияҳо мувофиқи мақсад буда, дар маҳаллаҳо таҳрик додани корҳои тарғиботӣ натиҷаи пурсамар хоҳад дод..Дар музокираи масъалаи якум Дилбар Одилзода – муовини раиси шаҳри Душанбе, Таҳмина Имомёрбекова — директори маркази саломатии шаҳри Хоруғ, Мунира Сангова — раиси Шўрои кор бо занони маҳаллаи «Ғайрат»-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, Мунзифа Пулодова — устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, Руқия Қурбонова — раиси Шўрои собиқадорони Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон, Садорат Шарипова — соҳибкорзан аз ноҳияи Рашт, Ҷамшед Муродзода – аъзои Ташкилоти Ҷамъятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе ва Миҷгона Раҳимӣ — директори литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор андешаву пешниҳодҳои худро баён намуданд.Оид ба масъалаи дуюми рӯзнома — “Дар бораи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун сарпарасти маънавии НБО «Роғун» роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода баромад кард. Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббус ва сарпарстии ҲХДТ барои тарғиби аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Кохи нури Тоҷикистон – НБО “Роғун” чорарибиниҳои гуногун роҳандозӣ гардида, тавассути роҳхати ҳизбӣ 418 нафар барои кори доимӣ ба ин иншооти бузурги энергетикӣ сафарбар гардиданд. Дар бунёди НБО Роғун ва аҳамияти байналмилалии ин иншооти аср нақши Пешвои миллат бузургу барҷаста аст. Дар Пайёмҳои ҳарсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳимтарин масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро фаро мегирад, баррасии масъалаҳои НБО Роғун мавқеи меҳварӣ дорад, — афзуд Абдураҳмон Хонзода. Хайрулло Сафарзода, директори генералии ҶСК НБО “Роғун” бо ибрози сипосу миннатдорӣ ба КИМ ҲХДТ дар тақвияти суханони муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, барои амалӣ намудани иқдомҳои созанда дар бунёди НБО “Роғун” аз қаҳрамониҳои шабонарӯзии кормандони нерӯгоҳ ёдовар шуд. Номбурда инчунин зикр кард, ки бунёди иншооти бузурги аср, натанҳо манфиатҳои иқтисодӣ дорад, балки ба ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯсти кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшида, эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони кишвар боз ҳам қавитар мегардонад.Муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ зимни таҳлили амиқу воқеии масъалаи баррасишаванда таъкид кард, ки Роғун дар низоми иқтисодии кишвар такягоҳи боэътимоди рушди саноати ватанӣ ва зодаи ғояи консепсияи иқтисоди миллии Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, саодати зиндагии шаҳрвандон дар даҳсолаҳои наздик аз бунёду фаъолияти он вобастагии ҷиддӣ дорад. Ӯ суханони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ-ро ёдрас намуда, таъкид кард, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон иборат будани 98 дарсади бунёдкорони НБО Роғун аз он далолат менамояд, ки мо Кохи бузурги рӯшноиро бо нерӯи худ месозем ва дар оянда имкон дорад, ки мутахассисони соҳибтаҷрибаи мо дар бунёди дигар нерӯгоҳҳои дохил ва хориҷи кишвар низ саҳми арзишманд гузоранд. Дар идомаи маҷлис ба кумитаҳои иҷроия вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати шиносоии фаъолон бо рафти корҳои созандагӣ дар иншооти аср ва тарғиби ҳамаҷонибаи он чораҳои таъхирнопазир андешида, дар ҳама сатҳҳои ҳизбӣ оид ба нақши НБО Роғун дар иқтисоди миллӣ ва таъсири он ба вазъи иҷтимоии кишвар корҳои назаррасро анҷом диҳанд. Инчунин маълумотнома доир ба бунёди ин нерӯгоҳи бузурги аср ва фаъолияти фидокоронаи кормандони он бо теъдоди зиёд нашр ва ба ташкилотҳои ҳизбӣ тақсим карда шавад то онҳо дар мулоқотҳо бо электорати ҳизбӣ мавриди истифода қарор шавад. Дар маълумотнома инчунин роҷеъ ба нақш ва мақоми НБО Роғун ҳамчун манбаи энергияи сабз дар Осиёи Марказӣ, ва нақши он дар ҳифзи муҳити зист иттилоъ дода шавад, — таъкид кард муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ,.Ҳамчунин, ба масъулин супориш дода шуд, ки барои шиносоии бештари мардум, махсусан ҷавонон бо заҳмати фидокорони кормандони НБО Роғун тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, ба таври мунтазам боздиди фаъолони ҲХДТ ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз ин иншооти бузурги аср, ташкил карда шавад.Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзнома, вазифагузориҳо ва қабули қарорҳои дахлдор, Маҷлиси навбатии КИМ ҲХДТ ба кори худ хотима бахшид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028