Натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда

19-уми июли соли 2023 дар Бонки миллии Тоҷикистон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб, кормандони сохторҳои ҳизбии пойтахт, фаъолони ҳизб, намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва як қатор вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок карданд.

Дар ҷаласа тибқи қарори рӯзнома масъалаҳои гузориши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб дар нимсолаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Дониш” Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оид ба татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳисоботи раиси Комиссияи доимии кор бо ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод дар нимсолаи якуми соли 2023, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25-уми майи соли 2023, №1, “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои нимсолаи дуюми соли 2023 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанберо раиси Кумита Иброҳим Мирзозода оғоз намуда, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои шаҳрии ҳизб давоми нимсолаи якуми соли 2023 гузориш дода, қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе давоми нимсолаи якуми соли 2023 фаъолияти худро дар асоси муќаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Оинномаи ҳизб ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи Барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки муҳимтарин самтҳои пешрафти мамлакатро барои солҳои 2020 – 2025 ва 2021-2027 муқаррар намудааст, фаъолият намуда, дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як қатор тадбирҳои муайяну муҳимро ба иҷро расониданд.

Номбурда қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби сохторҳои ҳизбии пойтахт вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, шарҳу тавзеҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ҳадафҳои созандаи ҳизб, қонунҳои миллӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ ва пешгирии фарҳанги бегона 4026 мулоқоту вохӯрӣ ва соати сиёсӣ гузаронида шуда, дар ин замина 351 аксияи тарғиботӣ бо тақсимоти 31542 адад варақаҳои иттилоотӣ тақдим ва роҳандозӣ гардиданд.

Инчунин гуфта шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангию сиёсӣ таҷлил намудани ҷашнҳои милливу давлатӣ маҷмӯи тадбирҳо амалӣ гардида, 2187 чорабинии мухталиф бо иштироки васеи аъзою ҷонибдорони ҳизб ва сокинону шаҳрвандон гузаронида шуд.

Зикр гардид, ки имрўз шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 976 ва аъзои ҳизб 80633 нафарро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба нимсолаи якуми соли 2022 теъдоди аъзои ҳизб 3197 нафар ва ташкилоти ибтидоӣ 56 адад афзоиш ёфтааст.

Дар ин раванд, мутобиқи муқаррароти Оинномаи ҳизб маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор гардида истодаанд.

Мавсуф иброз дошт, ки дар доираи амалӣ намудани иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунии пойтахт ҳар ҳафта аз ҷониби ҳизбиёни пойтахт шанбегиву ҳашарҳо ташкил гардида, дар рафти он дарахту ниҳоли ороишиву сояафкан шинонида шуд.

Дар идома қайд гардид, ки дастгириву ғамхорӣ дар ҳаққи оилаҳои ниёзманду ятимон ва маъюбу шахсони бесарубон дар меҳвари фаъолияти ҳизб қарор дошта, дар ин замина, кумитаҳои иҷроияи шаҳриву ноҳиявии ҳизб сарпарастии 78 нафар маъюбу оилаи ниёзмандро ба зимма гирифта, ба онҳо нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ мунтазам расонида истодаанд, ки дар муқоиса ба нимсолаи гузашта 66 нафар зиёд мебошад.

Дар самти кор бо занону ҷавонон бошад, 1207 чорабинӣ бо фарогирии 91017 нафар занону ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар ин замина, Одилзода Дилбар Раҳим оид ба фаъолияти сохторҳои ҳизб дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ суханронӣ карда қайд кард, ки дар пойтахт масълаҳои зиёде ҳастанд, ки ҳамкориҳои судманду самарабахши сохторҳои ҳизбро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе талаб менамоянд.

Аз ин рў, ҷиҳати таблиғу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолӣ давлатӣ, ваҳдати миллӣ, иқдому ташаббусҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни сокинони шаҳри Душанбе корҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ бояд вусъат дода шавад.

Дар идомаи маҷлис муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон атрофи таҳким бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ, риояи ҳатмии Оинномаву низомномаҳои ҳибӣ ва татбиқи Барномаҳои ҳизб, супоридани саривақтии ҳаққи узвият, қабули шахсони арзанда ба сафи ҳизб, таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоӣ, ҷоннок намудани корҳо дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо бо қишрҳои осебпазири ҷомеа, бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдошта, густариши корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, баҳри сазовор таҷлил намудани 30 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон оид ба дастоварду комёбӣ ва норасоиҳои сохторҳои ҳизбии пойтахт дар нимсолаи якуми соли 2023 суханронӣ намуда, ҷиҳати таҳкиму тақвияти фаъолият дар назди кумитаву ташкилотњои ибтидоии ҳизбӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Тибқи рӯзнома гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Дониш” Хушвахтзода Қобилҷон оид ба татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шунида шуд.

Инчунин, раиси Комиссияи доимии кор бо ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод вобаста ба фаъолияти нимсолаи якуми Комиссия дар соли 2023 ҳисобот дод.

Дар фарҷом бо назардошти таклифу пешниҳодҳо аз рўйи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028