Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи Қасри паҳлавонони суғдӣ ва майдончаи бозии футбол дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ — HHDT

Ифтитоҳи Қасри паҳлавонони суғдӣ ва майдончаи бозии футбол дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ

05.07.2023

http://www.president.tj/node/30964

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ “Қасри паҳлавонони суғдӣ” ва майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нави соҳаи варзиш бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи варзиш ва дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шудааст.

Минбаъд наврасону ҷавонони деҳоти Урметан метавонанд, дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул шуда, маҳорату малакаи варзишии худро баланд бардоранд.

Дар бинои навсохти “Қасри паҳлавонони суғдӣ” барои ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шудан, аз ҷумла гуштини миллӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Толори варзишии болопӯшида барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ мувофиқ аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида, таъкид намуданд, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз чунин имкониятҳо метавонанд, ҳамчун варзишгарони касбӣ омода шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ширкат варзида, шарафи Тоҷикистони соҳибистиқлолро баланд бардоранд.

Дар шафати толори варзишии болопӯшида ҳамчунин, майдончаи варзишӣ бо дарозии 60 ва паҳноии 30 метр сохта шудааст.

Бо шинонидани ниҳоли дарахтони ороишӣ ва сояафкан саҳн ва атрофи толори варзишии болопӯшида ва майдончаи варзишӣ ба як мавзеи ободу зебо табдил ëфтааст.

Сохта ба истифода додани толор ва майдончаи варзишӣ дар ин деҳоти дурдасти мамлакат шаҳодати он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш таваҷҷӯҳи хоса дорад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳияи Айни 63 майдонча ва 25 толори варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Бунёди майдонча ва толорҳои варзишӣ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тамрин имкон фароҳам овард, ки танҳо дар соли 2022 варзишгарони ноҳияи Айнӣ бо иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 10 медали тилло, 16 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ гарданд.

Лозим ба таъкид аст, ки наврасону ҷавонони ноҳияи Айнӣ ба варзиш шавқу рағбати зиёд доранд ва бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти соҳа намудҳои гуногуни варзиш боз ҳам рушд хоҳад кард.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028