Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин — HHDT

Мулоқот бо Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллин

19.06.2023

http://www.president.tj/node/30869

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аҳаммияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки Комиссияи мазкурро таъкид намуда, ба Марат Ҳуснуллин дар фаъолияти минбаъдааш ба ҳайси ҳамраиси ин механизми муҳими пешбурди муносибатҳои ҷонибҳо комёбӣ орзу намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари давлати мо таъкид карданд, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Дар ин замина зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима карданд.

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.

Ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи лозима ҷалб шуд.

Дар баробари ин Пешвои миллат сатҳи имрӯзаи робитаҳои ду кишварро дар бахшҳои гуманитарӣ баланд арзёбӣ намуда, таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ҷонибҳоро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз қайд карданд.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028