Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб — HHDT

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар аз қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб дар ноҳияи Варзоб

08.06.2023

http://www.president.tj/node/30848

8 июн дар идомаи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон боздиди Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ аз мавзеъҳои зебову дилфиреби қароргоҳи беруназшаҳрии “Такоб” сурат гирифт.

Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашт дар мавзеъи хушбоду ҳавои Такоб муаррифии меҳмоннавозии тоҷикона ва шиносоӣ бо табиати сарзамини ганҷхези Тоҷикистон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар як гӯшаи сарзамини бостонӣ ва мавзеъҳои дилфиреби сайёҳии кишварро муаррифӣ карданд.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муаррифии кишвари зебову ҳамешабаҳор аз минбарҳои олии ташкилоту созмонҳои бонуфуз, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон ва табиати зебо, меҳмоннавозии анъанавии тоҷикона ва неъматҳои моддии сарзамини аҷдодии мо аз наздик шинос ҳастанд.

Табиати биҳиштосои Тоҷикистон бо дарёву чашмаҳои обаш мусаффо, куҳҳои сарбафалаккашида ва манзараҳои нотакрораш диққати сайёҳони хориҷро ба худ ҷалб менамояд.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баъди тамошои табиати нотакрори қароргоҳи беруназшаҳрии Такоб аз манзараҳои дилкашу обҳои мусаффо ва ҳавои тоза таасуроти нек бардоштанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028