Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров — HHDT

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров

06.06.2023

http://www.president.tj/node/30833

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русияро дар доираи шарикии стратегии ду давлат баррасӣ намуданд.

Маҷмӯи масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорат, иқтисод ва гуманитарӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.

Дар ин зимн муҳиммияти таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои мазкур таъкид гардид.

Сарвари давлати мо раванди рушди бомароми муносиботи ду кишварро дар ҳамаи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи мушатарак қайд карда, аҳаммияти таҳкиму тавсеаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, маориф, муҳоҷират, инчунин ҳамкориҳои байниминтақавиро бахусус таъкид карданд.

Дар чорчуби суҳбат атрофи масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028