Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Иштирок дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо — HHDT

Иштирок дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

02.06.2023

http://www.president.tj/node/30816

2 июни соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуданд.

Зимни нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, инчунин оид ба рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар робита ба масоили таҳкими амнияти минтақавӣ дар пасманзари хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла вазъи кунунии Афғонистон табодули андеша намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро перомуни ҳамкориҳои шашҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстона, инчунин дигар соҳаҳо иброз намуданд. Зарурати тақвияти ҳамкории кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, гидроэнергетика, энергияи сабз ва рақамикунонӣ таъкид шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин масоили мубрами тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии пиряхҳоро матраҳ намуданд. Сарвари давлати мо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо барои ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва тағйири иқлим арзи сипос намуданд.

Аз натиҷаи нишасти дуюми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Иттиҳоди Аврупо изҳороти муштараки матбуотӣ қабул гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028