Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот намуданд — HHDT

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 02.06.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон – Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳошияи нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо бо Президенти Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бобати вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бо тамаркуз ба ҷалби сармояи аврупоӣ ва кумаки техникиву молиявӣ дар амри татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоии рушди Тоҷикистон мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати суръатбахшӣ ба раванди шомилшавии Тоҷикистон ба Низоми умумии имтиёзҳои Иттиҳоди Аврупоро (GSP+), ки ҳамчун омили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Аврупо ба шумор меравад, таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои марбут ба муқовимат бо хатару таҳдидҳои амниятӣ бо тамаркуз ба вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Мулоқот дар фазои созанда баргузор гардид.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028