Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Турсунзода — HHDT

Ифтитоҳи бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар шаҳри Турсунзода

24.05.2023

http://www.president.tj/node/30731

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар гурӯҳи ноҳияҳои Ҳисори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нав аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар он барои кормандони мақомоти милитсия тамоми инфрасохтори зарурӣ бо дарназардошти талаботи замон фароҳам оварда шудааст.

Иншооти мазкур бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии як гектар замин бунёд гардидааст.

Мувофиқи лоиҳа бинои нав барои пешбурди фаъолияти самараноки дастаи махсуси зудамали шуъба пешбинӣ гардида, дорои 24 ҷойи хоб барои афсарон мебошад.

Бинои навбунёд аз маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Маҷлисгоҳ бо нишастгоҳҳои замонавӣ таъмин буда, барои гузаронидани чорабиниҳо ва мулоқотҳо пешбинӣ гардидааст.

Дар китобхонаи электронӣ номгӯи зиёди адабиёти соҳавӣ ва асарҳои илмию бадеии тозанашр мавҷуд аст, ки кормандон метавонанд дар вақти муносиб ба мутолиа машғул шуда, дониш, малака ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.

Барои ба варзиш машғул шудани кормандони шуъба, хусусан дастаи зудамал майдон ва як толори варзишӣ сохта шудааст. Майдону толор бо тарҳи муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии машқу тамрин таъмин аст. Масоҳати майдони варзишӣ 600 ва толори варзишӣ 120 метри мураббаъро ташкил медиҳад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028