
ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми XVIII Созмони ҳамкории Шанхай таҳти раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робитаҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, Котиби генералии СҲШ Чжан Мин (дар шакли маҷозӣ) ва собиқ Котиби генералии СҲШ (солҳои 2016–2018) Рашид Олимов, иҷрокунандаи вазифаи Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Аҳмад Саидмуродзода сухан гуфтанд.
Ҳамзамон дар кори ҳамоиш роҳбарон ва коршиносони варзидаи марказҳои таҳлилӣ ва муассисаҳои илмю таҳлилии давлатҳои аъзо, нозир ва шарикони муколамаи СҲШ, Котиботи СҲШ, намояндагони Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки Форуми Созмони ҳамкории Шанхай механизми бисёрҷонибаи машваратӣ-экспертии ҷамъиятӣ мебошад, ки ба мусоидат ва дастгирии илмӣ-таҳлилии фаъолияти СҲШ, рушди ҳамкории марказҳои илмӣ-тадқиқотии двлатҳои аъзои СҲШ, гузаронидани тадқиқоти муштарак оид ба масъалаҳои мубрами доираи Созмон, тавсеаи табодули афкор байни олимон ва коршиносон дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисод, иҷтимоиёт, экология, технология нав равона шудааст.
Мақоми раисӣ дар Форуми Созмони ҳамкории Шанхай соли 2022 аз Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд ва имсол сеюмин давраи раисии Тоҷикистон дар Форуми СҲШ мебошад.