Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ гузаргоҳи «Қулма-Қаросу» таҷдид мегардад — HHDT

ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ гузаргоҳи «Қулма-Қаросу» таҷдид мегардад

ДУШАНБЕ, 22.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Чин хамкориро дар соҳаи нақлиёт тақвият мебахшанд. Далели ин ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамкорӣ мебошад, ки 18 майи соли равон дар шаҳри Сиани Чин дар ҳузури Сарони ду давлат ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Тибқи ин санад вазоратҳои нақлиёти ду давлат омодагии худро барои идома ва густариши ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ва «Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Чин» изҳор намуда, тасмим гирифтанд, ки дар самтҳои зерин ҳамкорӣ намоянд:

— Сохтмон ва таҷдиди гузаргоҳи «Қулма-Қаросу» бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми ҳамлу нақли байналмилалӣ;

— Сохтмон ва таҷдиди шоҳроҳи Барсем (ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) — Кулма (сарҳади ВМКБ Тоҷикистон ва НМШУ Чин), шоҳроҳи байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Дарвоз — Мурғоб — Кулма;

— Фаъолгардонӣ ва таҷҳизонидани Маркази нақлиёту логистикии шаҳри Кӯлоб.

Интизор меравад, ки тавассути долони нақлиётии мултимодалии Чин-Тоҷикистон-Туркманистон-Эрон-Туркия борҳо нахуст тавассути роҳи автомобилгард аз Чин ба шаҳри Кӯлоб, ки дар он яке аз 5 минтақаи озоди иқтисодии таъсисдодаи Тоҷикистон фаъолият мекунад, интиқол дода шаванд. Аз ин ҷо борҳо ба Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия ва сипас ба кишварҳои Аврупо интиқол дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар асоси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 27 августи соли 2008 ба имзо расида буд, амалӣ карда мешавад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028