Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев — HHDT

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

18.05.2023

http://www.president.tj/node/30700

18 май дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дар ҳошияи ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрии самимӣ маҷмуи васеи масоили дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои онро барои таҳкими робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон неку назаррас арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои робитаҳои ду кишварро дар сатҳу соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” муҳокима карданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028