Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Иштирок дар барномаи фарҳангӣ дар Боғи Фуронги шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин — HHDT

Иштирок дар барномаи фарҳангӣ дар Боғи Фуронги шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин

18.05.2023

http://www.president.tj/node/30699

Шоми рӯзи 18 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи “Фуронг”-и шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин дар барномаи фарҳангии театрикунонидашуда, маросими оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи Марказӣ-Чин иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар Сарони давлатҳои Осиёи Марказиро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсараш, бонуи аввали Чин хонум Пэн Лиюан гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Пас аз маросими аксбардорӣ ба Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин барномаи рангини фарҳангии театрикунонидашуда ба муносибати оғози “Соли фарҳангу санъати Осиёи Марказӣ-Чин” ва ҷашнвораи фарҳангии ҷавонони Осиёи марказӣ-Чин намоиш дода шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028