Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Директори кулли “Ширкати BYD — Осиёи Марказӣ” Иван Тсао — HHDT

Мулоқот бо Директори кулли “Ширкати BYD — Осиёи Марказӣ” Иван Тсао

18.05.2023 16:08, Чин

18 май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Директори кулли “Ширкати BYD — Осиёи Марказӣ” Иван Тсаоро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати BYD (Орзуи худро бисоз)-ро баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар самти мошинсозӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли таҳҷзиоти электронӣ табодули андеша карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ширкати BYD (Орзуи худро бисоз) яке аз корхонаҳои бузурги ҷаҳонии истеҳсолкунандаи электромобили BYD Auto ва истеҳсолкунандаи батарея ва электроника BYD Electronic мебошад.

Фаъолияти ширкат ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, автобусҳо, мошинҳои боркаш, таҷҳизоти роҳҳои барқӣ, қатораҳои монорелсӣ, истеҳсоли ҷузъҳои мошин, батареяҳо ва батареяҳои офтобӣ, ҷузъҳои телефонҳои мобилӣ ва дигар электроника, инчунин хизматрасонии васлкунии таҷҳизот равона гардидааст.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028