Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ — HHDT

Мулоқот бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ

18.05.2023

http://www.president.tj/node/30698

18 май дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Сиан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Шӯрои директорони Ширкати куҳкории Зиҷинг Чэн Ҷинхэ мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили вобаста ба таҳким ва густариши фаъолияти истеҳсолии Ширкати куҳкории Зиҷинг (Zijin Mining Group Co.,Ltd”) дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶСК Корпоратсияи маъдани “Зиҷин” як ширкати бузурги фаромиллии истихроҷи маъдан мебошад, ки фаъолияти асосии он иктишоф ва коркарди саноатии маъданҳои дорои тилло, мис ва дигар металлҳо мебошад.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои фаъолгардонии кори ширкат дар Тоҷикистон ва таҳияи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаи санаоти куҳӣ барои истихроҷу коркарди маъданҳо ва сарватҳои зеризаминӣ муҳокима гардиданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба бунёди корхонаҳои муштарак бо ворид кардани технологияи муосири аз ҷиҳати экологӣ тоза, истеҳсоли маҳсулоти хушсифату ҷавобгу ба талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, табодули андеша карданд.

Роҳбарияти ширкати чинӣ барои таваҷҷӯҳ ва дастгирии ҳамаҷониба ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028