Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони Ширкати маъдани “Чжитсун Литий” Нан Ҷинси — HHDT

Мулоқот бо Раиси Шӯрои директорони Ширкати маъдани “Чжитсун Литий” Нан Ҷинси

18.05.2023

http://www.president.tj/node/30696

18 май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Директорони Ширкати маъдани “Чжитсун Литий” Нан Ҷинсиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати маъдани литийи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар Тоҷикистон барои рушди ҳамкории пурсамар, аз қабили бунёди корхонаҳои муштарак, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди изофашуда ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва содироти он захираву имкониятҳои васеъ мавҷуд аст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ тадбирҳои мушаххас андешида, ба доираҳои соҳибкорон имтиёзҳои гуногунро пешкаш мегардонад.

Дар рафти мулоқот иттилоъ дода шуд, ки Ширкати маъдани “Чжитсунг Литий” ( Zhicun Lithium Co.Ltd) дорои пойгоҳҳои бисёри коркарди маъдан ва истеҳсоли намаки литий мебошад. Ширкат барои мусоидат ба ноил шудан ба хадафи пешрафт ва васеь кардани самти фаьолияташ дар як қатор кишварҳои олам марказҳои истеҳсолӣ дорад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028