Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин — HHDT

Мулоқот бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин

17.05.2023

http://www.president.tj/node/30676

17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои мардумии сиёсии машваратии Чин Ван Хунин мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ изҳор доштанд, ки мо ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистону Чин аҳамияти бузург медиҳем.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин дар соҳаи амниятро муҳокима карданд.

Дар робитаҳои дуҷониба ба масъалаи ҳамкории парламентҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла муносибатҳои байниҳизбӣ, ки дорои мавқеи муҳим мебошанд, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, таҳкими робитаҳо дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангию гуманитариро ҷавобгӯи талаботи замон шумурданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028