Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
ОИЛАИ СОЛИМ- ҶОМЕАИ СОЛИМ — HHDT

ОИЛАИ СОЛИМ- ҶОМЕАИ СОЛИМ

Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи оила дар шаҳри Панҷакент чорабинии ҷумҳуриявӣ бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷзода Саодатбибӣ ва дигар меҳмонон аз маркази пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҳти унвони «Оилаи солим- ҷомеаи солим” баргузор гардид.

Дар оғоз, муовини раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ меҳмононро ба Панҷакенти бостонӣ хайрамақдам гуфта, оид ба нақши оилаи солим дар ҳаёти ҷомеа сухан намуд.

Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ сухани хешро аз шукргузорӣ дар чунин давлати ободу зебо ва шукуфону пешрафта оғоз намуда, оид ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, ба касбу ҳунар фаро гирифтани ҷавонон, пошхурии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии ин падида ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуд. Ҳамзамон зикр намуд, ки ташкили оила, ки он ба сифати хурдтарин ниҳод дар ҷомеа шинохта шудааст, аз падару модарон ва ҳар шаҳрванд хоҳони он аст, ки дар ҳаёти оиладорӣ бомасъул ва боидрок бошанд.

Сироҷзода Саодатбибӣ пиромуни сабабҳои ба миён омадани нофаҳмиҳо дар оила, сар задани хушунатҳои оилавӣ ва таъсири он ба ҳолати равонии кӯдакон ақидаҳои худро баён дошта, иброз намуд, ки бунёди оилаи хушбахт аз муносибати зану шавҳар вобастагии зиёд дорад.

Дар ҷараёни чорабинӣ мазкур тӯйи хонадоршавии 10 навхонадорон бо оростани дастархони туйёна, супоридани Шаҳодатномаи ақди никоҳ, Шаҳодатномаи таваллуд ба 20 нафар кӯдакони навзод ва тӯҳфаҳои хотиравии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раёсати Асноди ҳолати шаҳрвандии вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ҳамзамон, дар доираи ҷамъбасти Озмуни “Оилаи беҳратин», ба 15 оилаҳои номвари шаҳри Панҷакент Сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва тӯҳфаҳои омоданамудаи муштараки ҲХДТ ва Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии ҶумҳурииТоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва суруду таронаҳои дилнавози санъаткорони шаҳр, фазои чорабиниро рангин намуд.

Дар рафти чорабинӣ, меҳмонон аз Муассисаи давлатии Хона – интернати ҷумҳуриявии барои пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Панҷакент дидан намуда, бо оростани дастархони идона ва тақдими тӯҳфаҳо, хотири бошандагони ин муассисаро шод намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028