
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши бонувони пойтахт таҳти унвони “Оилаи солим-ниҳоди муқаддас ва рукни асосии ҷомеа” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, намояндагони сохторҳои ҳизбии пойтахт ва бонувони фаъол аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок доштанд.
Чорабиниро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки барои насли инсоният оила вожаи муқаддас буда, маҳаки асосии тамоми шакли муносибатҳои ҷамъиятӣ ин ниҳоди бунёдӣ мебошад. Яъне, ҳаёти солими миллат аз фазои осудаи оила сарманша мегирад ва он дар бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дорад. Имсол аз таъсисиёбии Рӯзи байналмилалии оила 30 сол сипарӣ мегардад. Ҳанӯз аз соли 1993 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милати Муттаҳид вобаста ба 15-уми май эълон гардидани Рӯзи байналмилалии оила қарор қабул гардида буд. Ва инак, 30 сол аст, ки ин ҷашн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуда, ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар нисбат ба оила ва ҳифзу пойдории он тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намудааст.
Муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ зикр кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар баробари дигар самтҳои кишвар нисбат ба занон, бунёди оилаҳои солим ва пойдории онҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудаааст. Тавре аз Барномаи ҳизби мо барои солҳои 2020-2025 бармеояд, ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои њамоњанг намудани фаъолияти сохторњои давлатї ва созмонҳои ҷамъиятї барои њалли мушкилоти аъзои љомеа кўшиш мекунад.
Ҳамзамон, ҳизби мо оиларо асоси ҷомеа ва арзиши олї эътироф намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии љомеа ва омодагии љиддї барои бунёди оила, нигоҳдорӣ ва пойдории оилаҳо, амалї намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои аъзои оила, ҳифзи саломатии модару кӯдак, солимї ва ҳуқуқи репродуктивӣ, тањияи санадњои меъёрї ва њуќуќї барои дастгирии оилањои ниёзманд, модарони танњо, кўдакони ятиму бепарастор табирҳои зарурӣ меандешад.
Дар идома вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода атрофи рисолати оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ёдовар шуда, онро ба фарҳанг ва маърифати миллати куҳанбунёди тоҷик мансуб донистанд.
Дар анҷоми ҳамоиш занону бонувони фаъол бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.