Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ҳамкориҳои судманд тақвият меёбанд — HHDT

Ҳамкориҳои судманд тақвият меёбанд

Манбаъ: http://hkhdt.tj/news-single/1554

Дар доираи сафари корӣ ба Федератсия Россия ва нақшаи таҳиягардида миёни ҲХДТ ва Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» санаи 11 майи соли ҷорӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор бо аъзои Шўрои олии ҳизби «Единая Россия», раиси комиссия оид ба корҳои байналмилалии ҳизб Климов Андрей Аркадевич вохӯрӣ доир намуд.

Дар оғози мулоқот муҳтарам Климов Андрей Аркадевич муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ва ҳамроҳони ӯро аз номи роҳбарияти олии ҳизби «Единая Россия» самимона хайрамақдам гуфта, аҳамияти робитаҳои мунтазами ду ҳизбро дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз шуд, ки тули 30 соли ҳамкориҳои пурсамар он ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми комил сурат гирифт, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ва Климов А. доираи васеи муносибатҳои байниҳизбии ду кишварро муфассал баррасӣ намуда, дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҲХДТ ва ҳизби «Единая Россия» оид ба рафти иҷрои он ва масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Аз ҷониби худ муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор иброз намуданд, ки ҳануз 26 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҲХДТ ва ҳизби «Единая Россия» ба имзо расид ва айни ҳол ҷиҳати татбиқи амалии он як қатор чорабиниҳои ҳизбӣ доир гардиданд.

Муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ҳамзамон қайд намуданд, ки дар ин муддат дар асоси бандҳои Созишномаи мазкур аз ҷониби гуруҳҳои корӣ мунтазам сафарҳои ҳайати вакилони хизбии сатҳҳои гуногун ташкил гардида, дар кори мизҳои мудаввар, конфронсу анҷуманҳо ширкат меварзанд.

Қайд гардид, ки соли сипарӣ дар доираи татбиқи ин Шартнома аз ҷониби ташкилотҳои ҷавонон қадамҳои аввалин гузошта шуда, бо мақсади таҳкими дӯстӣ, дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва тарбия намудани ҷавонон байни ташкилотҳои ҷавонони «Созандагони Ватан» ва « Молодая гвардия» Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар рафти мулоқот аз ҷониби ноиби ректори Донишгоҳи иҷтимоии Россия оид ба илм муҳтарам Самойленко Д.Н. барои фаро гирифтани аъзои ҳизб, ҷавонони болаёқат ба таҳсил даъват ба амал оварда шуд.

Дар анҷоми суҳбат муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ва Климов Андрей Аркадевич бори дигар иброз намуданд. ки натиҷаи мулоқоти имрӯза, бешубҳа, ба вусъати ҳамкориҳои байниҳизбӣ дар оянда заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Дар рафти мулоқот Туров А.В. — муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии ИДМ, ҳамгироии Авруосиё ва равобита бо ҳамватанон, Холиқзода А. — директори МД «Маркази исломшиносӣ», Мирзомуддинов С.- роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии ҲХДТ дар шаҳри Москва иштирок намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028