Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Боздид аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб — HHDT

Боздид аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб

11.05.2023

http://www.president.tj/node/30656

11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухаммедов дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзеи зебову нотакрори кишвар дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Сарони давлатҳо аз мавзеи Такоб боздид намуда, табиати зебо ва манзараҳои нотакрори ноҳияи Варзобро тамошо карданд.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш кишварест нотакрор.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимухаммедов дар мавзеъҳои зебои ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.

Мавриди зикр аст, ки меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон, ки бо шарофати Пешвои миллат аз нав эҳё гаштаву рушд мекунад, аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дорад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028