Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Тантанаҳои ҷашни Ғалаба дар шаҳри Москва — HHDT

Тантанаҳои ҷашни Ғалаба дар шаҳри Москва

Манбаъ: http://hkhdt.tj/news-single/1544

Дар доираи сафари гурӯҳи кории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, тантанаи ҷашнӣ бахшида ба 78-солагии Рӯзи Ғалаба бо иштироки ветеранҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Максим Горкий дар шаҳри Москва доир гардид.

Азизӣ Абдуҷаббор зимни сухани табрикотӣ ёдовар шуд, ки насли имрӯз бояд ба қаҳрамонони ҷанг сари таъзим фуруд орад ва ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки ба туфайли чӣ гуна арзишҳо ба зиндагии осуда ва хушбахтии ҳаёт муввафақ шудаем. Шоистаи зикр аст, ки дар он солҳои душвору вазнин барои ҳифзу ҳимояи хоки муқаддаси Ватан, бобоёну падарони шуҳратмандамон корнамоию диловариҳои бемисл нишон додаанд. Мардонагию далерии зодагони Тоҷикистон дар хоки кишварҳои Россия, Украина, Белоруссия, ҷумҳуриҳои Соҳили Балтика, доманаҳои кӯҳҳои Кавказ, бешазорҳои мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ, Шарқи Дур дар адабиёти бадеию илмӣ ва таърихӣ ба таври барҷаста инъикос ёфтаанд.

Мавриди зикр аст, ки шуҷоату диловарии мардуми боору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Дар он солҳои муборизаву ҷоннисорӣ барои ободию озодии Ватан тамоми мардуми Тоҷикистон таҳти шиори “Ҳама чиз барои фронт-ҳама чиз барои Ғалаба” кору зиндагӣ намуда, пайваста ба фронт маблағу маводи хӯрока, сару либос ва лавозимоти ҷангӣ равона мекарданд. Меҳнати фидокоронаи сокинони ҷумҳурӣ дар ақибгоҳ низ дар таърихи ин даврон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.

Дар чорабинии тантанавӣ ҳамзамон иштирокчиёни ҷанг аз ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, зимни суҳбат аз корнамоиву ҷасорату қаҳрамонии онҳо дар сангарҳои хунини ин ҷанги ҷаҳонӣ ёдоварӣ гардид.

Таъкид гардид, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, баҳри таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона ва тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ моро водор мекунад.

Ҳамватанони бурунмарзӣ ва аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сари дастархони идона бо суруду мусиқии тоҷикона ин ғалабаи бузургро таҷлил намуда, аз корномаҳои далеронаи ҷанговарони тоҷик бо ифтихор ёдоварӣ намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028