Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба ифтихори 78-солагии Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 маросими гулчанбаргузорӣ доир шуд — HHDT

Дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба ифтихори 78-солагии Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 маросими гулчанбаргузорӣ доир шуд

Май 9, 2023 10:30

ДУШАНБЕ, 09.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 май дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945 маросими гулчанбаргузорӣ доир шуд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок карда, ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги дуюми ҷаҳон нисор кардаанд, дар назди «Оташи ҷовидон» гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар дар рӯз хотираи қаҳрамонони халқи тоҷик руҳи шаҳидони роҳи озодӣ гиромидошта шуд.

Дар ин маросим ҳамчунин, аз номи Қувваҳои мусаллаҳ ва сохторҳои қудратӣ, собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе ва Пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузошта шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028