Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба — HHDT

Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба

08.05.2023

http://www.president.tj/node/30626

8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 78-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Мирзо истиқбол гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028