Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон — ордени “АЛТИН ҚИРОН” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — HHDT

Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон — ордени “АЛТИН ҚИРОН” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

04.05.2023

http://www.president.tj/node/30589

Имрӯз дар шаҳри Астана дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Акорда маросими бо ордени Ҷумҳурии Қазоқистон “АЛТИН ҚИРОН” сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар пойтахти ин кишвари дӯст қарор дорад, баргузор гардид.

Дар оғози маросим фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси мукофотонидани Сарвари давлати мо бо ин нишони олии Қазоқистон ироа гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев зимни супоридани мукофот саҳми ва хизматҳои шоён Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон, ки имрӯзҳо дар чорчӯби шарикии стратегӣ муваффақона рушд меёбанд, таъкид кард.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз ин иқдоми олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос намуда, онро қабл аз ҳама ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донист.

Пешвои миллат дар идомаи суханронии хеш изҳори итминон намуданд, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои байнидавлатии ду кишвар дар заминаи манфиатҳои умумии мардумони ба ҳам бародари мо минбаъд низ дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимод ва дастгирии мутақобила таъмиқу тавсеа хоҳанд ёфт.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028