Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев — HHDT

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев

03.05.2023

http://www.president.tj/node/30578

Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Остона мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаев баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаев Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кишвараш самимона хайрамақдам гуфтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари кишвари мизбон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои ин сафар, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ва бастаи нави санадҳои ҳамкории имзошаванда барои таъмиқи муносибатҳои шарикию стратегии Тоҷикистону Қазоқистон заминаи навро фароҳам меорад.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028