Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино мулоқот намуданд — HHDT

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино мулоқот намуданд

ДУШАНБЕ, 02.05.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 май Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантиноро, ки бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар оғози мулоқот Ҷанни Инфантиноро ба муносибати дубора ба вазифаи президенти ФИФА интихоб шуданаш табрик гуфта, аз саҳми ӯ дар рушди футболи ҷаҳон ёдовар шуданд.

Дар мулоқоти гарму дӯстона президентҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии футбол дурнамои ҳамкории минбаъда, рушди имрӯзу ояндаи футболи Тоҷикистонро муфассал баррасӣ карданд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ба ПрезидентиФедератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, ба ӯ дар ҳама иқдоме, ки ба рушди футбол дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд, комёбиҳо таманно намуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028