Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант — HHDT

Ифтитоҳи бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант

25.04.2023

http://www.president.tj/node/30510

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакантро мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмони иншоот дар доираи татбиқи сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон сурат гирифта, бунёди он бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум 3 ҳуҷраи корӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм бошад, хонаҳои истиқоматии хизматӣ барои кормандони мақомот бунёд гардидааст.

Аснои шиносоӣ бо шароити кор дар иншоот, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони мақомотро ҷиҳати анҷоми хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

Дар ҳамин рӯз, инчунин ба чанд нафар кормандони шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим карда шуд, ки ин иқдоми Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси ҳушҳолии онҳо шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баистифодадиҳии иншооти нав, ҳамчунин ба хотири сифатан хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ ба ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 8 автомашинаи махсуси хизматӣ тақдим карданд.

Ҳамин тариқ бо амалӣ кардани ташаббуси навбатии созандагӣ яъне ба истифода додани шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Левакант барои кормандон шароити мусоиди фаъолият ва зиндагӣ фароҳам оварда шуд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028