Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Ифтитоҳи бинои Раёсати молияи шаҳри Левакант — HHDT

Ифтитоҳи бинои Раёсати молияи шаҳри Левакант

25.04.2023

http://www.president.tj/node/30509

25 апрел дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нави хуштарҳу замонавии Раёсати молияро ифтитоҳ карданд.

Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он ҳамаи шароити корӣ ҷиҳати фаъолияти босамари кормандони соҳаи молияи шаҳри Левакант муҳайё сохта шудааст.

Бинои Раёсати молия дар шаҳри Левакант дуошёна буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, китобхона, ҳуҷраи техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Иншооти нав бо тарҳи муосир дар масоҳати 0,09 садяк замин бунёд гардида, масоҳати зери сохтмон 285,8 метри мураббаъ мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар ин бино бо маблағгузории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 оғоз гардида, тадбирҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Планета БАФ” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд сомон додааст.

Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва муҷаҳҳазсозии иншоот наздик ба 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои корӣ дар бинои нави Раёсати молияи шаҳри Левакант Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро ҷиҳати татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ, сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат муваззаф сохтанд.

Ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ баён карда, қавл доданд, ки ҷиҳати ташаккули низоми молиявии мамлакат талоши худро равона месозанд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028