Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /home/data/hhdtdush/public_html/wp-includes/functions.php on line 6121
Аҳаммияти китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров баҳри равнақи худшиносии миллӣ — HHDT

Аҳаммияти китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров баҳри равнақи худшиносии миллӣ

Манбаъ: http://hkhdt.tj/news-single/1490

Дар идомаи силсилаомӯзишҳои идоравӣ барои кормандони Дасгоҳи марказӣ ваҳизбиёни пойтахт, Сайфулло Мулоҷонов, доктори илмҳои таърих, профессор доираи мавзуи “Аҳаммияти омӯзиши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров баҳри равнақи худшиносии миллӣ” суҳбат намуд.

Нахуст, олими барҷаста аз таърихи пурғановати миллати тоҷик ва саҳми фарзандони фарзона дар ташаккули он ибрози назар намуда, сипас, дар бораи муҳиммият ва авлавияти таърихии ин асар суҳбат орост. Мавсуф аз ҷумла зикр дошт, ки авзои таърихӣ ва рӯзгори пурталотуми он давр сабаб шуд, ки шахсиятҳои наҷибу олимони забардаст ба саҳнаи сиёсат ва илм ворид шаванд.

Дар идома зикр намуд, ки маҳз даврони сахту сангин ва талошу ҷонбозиҳо дар ташаккули шахсияти аллома Ғафуров нақши асосӣ бозид. “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷиҳати масъалагузорӣ, таҳқиқу пажӯҳиш, таҳлилу муқоиса ва хулосаву ҷамъбаст аз дигар асарҳои илмиву тадқиқотӣ ба куллӣ фарқ мекунад ва он дар сатҳи ниҳоят баланди илмиву эҷодӣ таълиф ёфтааст.

Муаллиф дар ҷараёни таълифи нашри тоҷикии «Тоҷикон» беш аз 2000 номгӯйи сарчашмаҳои ватаниву хориҷӣ, монографияҳо, брошюраҳо ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода бурдааст, ки аз онҳо, 367 ададашон ба қалами олимони хориҷӣ мутааллиқ мебошанд, ҳатто барои дастрас намудани баъзе аз онҳо худаш махсус ба хориҷа сафар карда, онҳоро бо машаққатҳои зиёд мутолиаву коркард намудааст.

Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандозаро дорад.

Хело бамаврид зикр дошт, ки бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар тақдим гардид.

Ин иқдоми наҷибу башардӯстона ва ояндабини Роҳбари давлат, ки бори дигар аз арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ва фарзандони некноми миллат дарак медиҳад. Дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тоҷиконро зарур аст, ки аз таърихи пурифтихори халқамон огоҳ бошем ва ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

Бояд ёдовар шуд, ки Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард ва дар ташаккули худшиносии миллии халқи тоҷик саҳми худро гузошт. Натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи таърихнигорӣ дар он аст, ки ӯ исбот намуд, халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ буда, дар хотири наслҳои миллати куҳанбунёд, фарҳангӣ ва тамаддунсози тоҷик зинда хоҳад монд.









Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,
Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028